Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод имрӯз ба журналистон иттилоъ дод, ки соли гузашта ба ватан баргардонидани ҳудуди 120 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ва Ироқ муяссар шудааст.

«Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо аз Сурия ва Ироқ 78 шаҳрванди ҷумҳурӣ, аз ҷумла аъзои оилаи онҳо (ҳамсару фарзандон), ки шумори умумии онҳо 42 нафарро ташкил медиҳад, ба ватан баргардонида шуданд», - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, прокурори генералӣ таъкид дошт, ки давоми соли гузашта барои риоя накардани талаботи қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», 877 нафар мансабдорон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.