Дар дидбонгоҳи сарҳадии «Ҳамадонӣ»-и марзи Тоҷикистону Афғонистон нимашаби 13 феврал марзбонон ва гуруҳи фаврии Қушӯнҳои сарҳадии Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон аз ҳодисаи кӯшиши убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ва қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ карданд.

Роҳбари маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки гурӯҳи номаълуми мусаллаҳи қочоқбарон дар ҳайати 6-7 нафар ҳангоми убури ғайриқонунии марз ба дастаи марзбонон дучор омада, ба талаботи марзбонон итоат намекунанд ва миёни онҳо задухӯрди мусаллаҳона сурат мегирад.

«Дар натиҷа қочоқбарон ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурда, зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса беш аз 1 кило маводи мухаддири героин, 2 кило афюн ва зиёда аз 55 кило ҳашиш дарёфт шуд», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон ин ҳодиса мавриди таҳқиқи мақомоти тафтишоти КДАМ Тоҷикистон қарор дорад.