Зимни суханронӣ дар иҷлосияи имрӯзаи палатаи болоии парлумон прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзода изҳор намуд, ки ахири соли гузашта дар сохтори дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ Раёсати пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва ҳамчунин шуъбаи амнияти дохилӣ таъсис дода шуда, ин сохторҳо дар як муддати кӯтоҳ 18 ҷинояти марбут ба коррупсияи аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура содиршударо ошкор кардаанд.
Ӯ изҳори таассуф намуд, ки сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, аз ҷумла мақомоти прокуратура ошӯби низомии санаи 4 сентябри соли 2015-ро пешгирӣ накарда, аз замони омодагириаш ошкор карда натавонистанд.
Раҳмон Юсуф Аҳмадзода қайд кард, ки тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 199 афроди гумонбар ба ташкил ва иштирок дар исёни мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли гузашта таҳти раҳбарии собиқи мувини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ба итмом расида, ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии ҷумҳурӣ ирсол шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, аз 199 нафар, ки нисбаташон айбнома эълон шудааст, 179 нафарашон узви Ҳизби фаъолияташ дар қаламрави ҷумҳурӣ манъшудаи наҳзати исломӣ набуда, 40 нафар иштирокчиён ва созмондиҳандагони исён мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудаанд ва 36 тан аз иштирокчиёни он зимни амалиёти махсус кушта шудаанд.
Прокурори генералӣ зикр кард, ки айни замон ба маблағи умумии 151 млн. сомонӣ иншооти мутааллиқ ба иштирокчиён ва созмондиҳандагони исён таҳти ҳабс қарор дошта, тафтиши маблағгузории исён аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони он идома дорад.




“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста