- Шаҳрванди Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқулова, ки ба қатли бераҳмонаи кӯдак дар Маскав гунаҳкор дониста мешавад, бо шаҳрванди Тоҷикистон муносибат дошта, ин шахс ба ӯ афкори динии ифротгароиро талқин мекардааст, - иттилоъ медиҳад РИА Новости ба такя ба манбаъҳояш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

«Тибқи маълумоте, ки мо дар даст дорем, замони дар Русия қарор доштан Бобоқулова бо шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзистӣ мекардааст, ки ин шахс ӯро ба афкори ифротгароии исломӣ водор месохтааст», - иброз доштааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳангоми сафари ахираш ба Ӯзбекистон моҳи январ барои ивази шиноснома Бобоқулова ба ҳамдеҳагонаш ҳиҷоби аз ҷониби ҳамзисташ туҳфашударо намоиш медодааст.

Намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия зимни ҷаласаи суди Пресненскии шаҳри Маскав изҳор доштааст, ки доя аз Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқулова баъди иғвоангезиву талқини чанд нафар кӯдакро бераҳмона куштаааст. «Айни замон ин нафарони талқинкунандаи ҷиноят дар озодӣ буда, мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд», - гуфтааст ӯ.

Гулчеҳра Бобоқуловаро пулиси Русия рӯзи 29 феврал бо сари буридаи кӯдак ва нидои "Аллоҳ Акбар!" дар назди истгоҳи метрои Маскав дастгир кард. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин зан, ки либоси сиёҳ дар тан ва рӯймоли исломӣ дар сар дошт, ба гуфтаи шоҳидон, “Аллоҳ Акбар!” гӯён нидо мекард ва каллаи кӯдаки кушташударо алвонҷ медод.  Баъди чанд лаҳза пулис ин занро ба замин хобонда, дастгир кард.

Суди Пресненскии шаҳри Маскав дар бораи ба муддати ду моҳ, то 29 апрел ба ҳабс гирифтани Гулчеҳра Бобоқулова, ки рӯзи 29 феврал духтарчаи 4-соларо ба қатл расонид,  қарор қабул кард .