Дар доираи размоиши низомии артишҳои Тоҷикистону Русия хизматчиёни ҳарбии воҳиди иктишофӣ (разведка) ва тирандозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо низомиёни воҳиди таъиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дастаи бузурги шартии ғайриқонунии мусаллаҳро дар доманакӯҳи Помири Шарқӣ нобуд карданд.
Ба қавли намояндаи расмии Ҳавзаи марказии низомии Русия Ярослав Рошупкин, дар ҷараёни баргузории амалиёт хизматчиёни ҳарбии ҳарду кишвар амалҳои муштараки тактикӣ оид ба ошкор намудан, ба муҳосира гирифтан ва нобуд кардани ҷангиёни шартиро, ки кӯшиши тасарруфи маҳаллаи аҳолинишини баландкӯҳ ва гаравгонгирии сокинони онро доштанд, ба иҷро расониданд.
«Бо дастгирии авиатсия ва техникаи зиреҳпӯш, истифода аз шароитҳои релефи кӯҳӣ ва ҳамчунин омили ногаҳонӣ, ба воҳидҳои низомии муштарак муяссар шуд, ки ин гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳро муҳосира ва нобуд созанд», - қайд кардааст Рошупкин.
Гуфта мешавад, дар ин амалиёт аз ҳарду ҷониб беш аз 200 нафар хизматчиёни ҳарбӣ иштирок карда, ҳамчунин ҳудуди 20 адад техникаи низомӣ ва махсус сафарбар шудааст.




Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста