Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон (гузаргоҳи «Дӯстӣ»-и шаҳри турсунзода) гумрукчиёни тоҷик бинобар сарпечӣ аз гузаштан аз муоинаи гумрукӣ 31 тан аз шаҳрвандони хориҷи тибқи моддаи 570 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои «иҷро накардани амру талаботи қонунии шахси мансабдори мақомоти гумрук» ҷарима бастанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода 169 ҳолати ҳуқуқвайронкуни дар соҳаи гумрук ба қайд гирифта шуда, вобаста ба парвандаҳои баррасишуда 169 нафар шахси воқеӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, ки 31 нафари онҳоро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахсони ҳуқуқвайронкунанда ба маблағи умумии 17 331 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд. Дар маҷмӯъ аз рӯи парвандаҳои дар давраи ҳисоботӣ оғозгардида 358 267 сомони пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида ва ба буҷаи давлат пардохт карда шудааст.
Зикр мегардад, ки қонуншиканиҳои шаҳрвандони хориҷӣ дар муқоиса бо соли гузашта кам гардидааст. Дар соли 2015 83 нафарро ташкил карда буд, дар семоҳаи соли 2016 бошад он ба 31 расидааст ва ва бештари онҳо шаҳрвандони Туркия, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қазоқистон ва Русия мебошанд.



Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста