Сафорати ИМА дар Душанбе 20 нафар афсарони алоқаи Дастаи таъиноти махсуси милитсияи (ДТММ) Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи нашъаоварро барои хатми давраи омӯзишии думоҳаи Барномаи мубориза бо маводи нашъаовари Фармондеҳии марказии ИМА табриқу таҳният намуд.
Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ доданд, давраи омӯзишии мазкур зарфияти вазорату идораҳои ширкаткунандаро барои қабулу ирсоли ахборот тавассути дастгоҳи мухобиравие, ки аз ҷониби Барномаи мубориза бо маводи нашъаовар ба наздикӣ харид ва тақдим шудааст, баланд бардошт. Афсарони алоқа оид ба тарзи дурусти истифодаи шаклҳои гуногуни антенна барои таъмини сифати баланди ирсоли ахборот, сохтани шабакаҳои муътамади мустақил, барномасозӣ ва муоинаи техникиву насби таҷҳизоти мухобиравӣ дарс хонданд. Ҳамчунин, давраи омӯзишӣ мавзӯҳои дигари вобаста ба доираи радиобасомад, паҳншавии амвоҷи радиоӣ, тарҳрезии алоқаву ирсоли гузориш, инчунин дарсҳои амалӣ оид ба сохтани антенна барои кор дар муҳит ва баландии гуногунро низ дар бар гирифта буд.
Силсилаи давраҳои омӯзишии мазкур имконоти Дастаи таъиноти махсуси милитсияи (ДТММ) Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иртибот бо сохторҳояшон дар манотиқи дурдаст васеъ намуда, бо ин роҳ ба бунёди ҷабҳаи қавитару муттаҳидтар барои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро тавассути кӯмакҳо бо мақсади дастгирии рушди иқтисодӣ, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистон ҷудо намудааст. Сафорати ИМА дастгирии шарикӣ миёни мақомоти Амрико ва Тоҷикистонро ҷиҳати таъмини таҷҳизоти муосир, омӯзиш ва беҳтар намудани зерсохтор идома хоҳад кард.




Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста