Ҷасади се шаҳрванди Тоҷикистон - Сӯҳроб Хушакови 26-сола, Иноят Ризоеви 39-сола ва Сайнуриддин Собирови 42-сола субҳи 18 май тавассути ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба Душанбе оварда шуд. Ин се зодаи Роғун рӯзи 14 май дар занозании хунин дар қабристони Хованскоеи Маскав кушта шуданд.
Бино ба иттилои радиои Озодӣ , барои қабули тобутҳо Сумангул Тағозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон низ ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омада буд.
Рӯзи 17 май сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав Иброҳим Аҳмадов хабар дода буд , ки мақомоти Тоҷикистон баҳри ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани ҷасадҳои дар занозании оромгоҳи Хованское кушташудаи тоҷикон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Котиби сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ як рӯз пеш ба хабарнигории РИА Новости изҳор дошта буд , ки пас аз ҳодисаи занозанӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав 21 шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон раҳо шудаанд.
Суди Шербинскии Маскав рӯзи 17 май ба 22 нафар иштирокчиёни занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ба муҳлати 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин кард.
Бино ба маълумоти ТАСС бо истинод ба котиби матбуотии суди Шербинск Светлана Бахтина, ду нафар қонуншиканон шаҳрвандони Русия ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сафири Русия дар ҷумҳурӣ Игор Лякин-Фролов талаб намуд , ки дар бобати тафтишоти объективонаи ҳодиса ва ба ҷавобгарии қатъӣ кашидани ашхоси гунаҳкор чораҳои фаврӣ андешад.




Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста