Дар доираи ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев бо директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Шерхон Салимзода гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД Русия, зимни суҳбат Колоколтсев қайд кардааст, ки ваколатҳои Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари ин кишвар пурра ба ихтиёр ВКД супурда шуда, дар ин робита, роҳандозии муносибатҳои созанда бо Агентӣ таркиби муҳимтарини баланд бардоштани самаранокии муқовимат бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин самт ба барномаҳои муштараки ҳамкорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, дар яке аз ин барномаҳо кумак ба Агентӣ барои солҳои 2015-2017 пешбинӣ шудааст, ки паҳлӯҳои густардаи ҳамкориҳоро дар бар гирифта, дар марҳилаи аввали он (солҳои 2012-2014) натиҷаҳои мусбат ба даст оварда шуд.
«Ҳамчунин тавсеъаи талоштҳои муштарак зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳам дар ошкор сохтани ҷиноятҳои мушаххас ва ҳам ҳангоми роҳандозии амалиёти бузургмиқёси пешгирии фаврӣ низ зарур аст», - гуфтааст Колоколтсев.



“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста