Ҳаракати Толибон ба ҷойи пешвои пешини кушташудаи худ Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур роҳбари нав таъин кард.
Бино ба маълумоти BBS News, Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода раҳбари нави ин гурӯҳ таъин шудааст. Нисбат ба роҳбарони пешинаи гурӯҳ, доир ба пешвои нави ҳаракати Толибон маълумоти зиёд дастрас нест.
Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда Мулло Ахтар Мансур дар минтақаи назди марзи Афғонистону Покистон кушта шуд. Associated Press бо истинод ба изҳороти мулло Абдул Рауф иттилоъ дода буд, ки ӯ дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ ба ҳалокат расида, ҳангоми ҳамла дар автомашинаи худ қарор доштааст.
Ба ҳамлаи ҳавоӣ ба пешвои Толибон аз ҷониби президенти ИМА Барак Обама дастур дода шуда, ӯниз марги пешвои ин гурӯҳро тасдиқ кард.
Мулло Ахтар Мансур тобистони соли гузашта баъди марги муассиси ҳаракат Мулло Умар роҳбари расмии ҳаракати Толибон шуд. Мансур муовини Мулло Умар буда, беш аз ду сол марги сардори худро пинҳон дошт ва аз номи ӯ то аз ҷониби ҳукумати Афғонистон ошкор шудани марги роҳбари ташкилот, ба гурӯҳи Толибон роҳбарӣ мекард.




Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Маош аз 60 то 200 ҳазор рубл. Мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷойи кор пешниҳод доранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста