Ҳудуди 40 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ба сафи гурӯҳҳои террориства ифротгаро пайвастанд, дар ҷараёни амалиётҳои ҷангӣ дар кишварҳои дигар кушта шудаанд.
«Аз рӯи маълумоти мақомоти дахлдор ҳоло садҳо нафар шаҳрвандони мо, ки қисми зиёдашон ҷавонон мебошанд, ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ шомил шуда, аз байни онҳо то имрӯз 300 нафар кушта шудаанд», - иттилоъ дод президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди президенти ҶТ.
Сарвари давлат қайд кард, ки аз ин ҳисоб 36 нафарашон донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар мебошанд.
«Дар баробари ин, то ҳол 370 нафар донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълими динии давлатҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд, ба кишвар баргардонида нашудаанд», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Аз ин рӯ ба Вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои рафъи камбудиҳои зикршуда тадбирҳои ҷиддӣ андешанд ва корро миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла ҷавонони деҳот пурзӯр гардонанд.
«Кам аҳаммият додан ба ин масъалаҳо боис шудааст, ки иддае аз ҷавонони сустирода ва аз ҷиҳати сиёсӣ ноустувор бо иллати бекорӣ ва бешуғлӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда, эътибору обрӯи кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст зада истодаанд», - гуфт президенти мамлакат.



