Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳодиса дар бозори Люблинои шаҳри Маскавро, ки дар он тоҷикистонӣ аз корд захмӣ шуд, шарҳ дод. Дар ин бора Роҳбари Ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов хабар дода буд.
Сафорат иттилоъ медиҳад, ки дар қаламрави маркази савдои «Люблино» рӯзи 5 июн шаҳрванди Тоҷикистон Усмонов Қиёмиддин Зиёевичи 39-сола аз зарбаи корд захмӣ шуда, дар бемористони ба номи Боткини шаҳр бистарӣ шудааст.
«Сафорати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо намояндагии мақомоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ дар Русия ба аёдати ҳамватанамон ба бемористон рафта, бо табибони муолиҷакунандаи ӯ суҳбат карданд. Айни замон Қ.Усмонов аз шуъбаи эҳёгарӣ ба палатаи умумӣ гузаронида шуда, вазъи солимии ӯ муътадил арзёбӣ мешавад», - қайд мекунад намояндагии дипломатӣ.
Ба иттилои манбаъ, кормандони сафорат ва намояндагии мақомоти муҳоҷират бо муфаттишони ин ҳодиса, ки аз рӯи он аллакай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, вохӯрда, мулоқот кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, сафорат маълумоти дар ин робита интишорнамудаи Ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик»-ро бардурӯғ хонда, изҳор медорад, ки «гӯё аз ҷониби намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба сафорат пешниҳод шудани маълумоти бардурӯғ ҳеҷ асоси воқеӣ надорад».
«Ба муаллифони ин маълумот хотиррасон карданием, ки тамоми намояндагиҳои мақомоти давлатии Тоҷикистон фаъолияти худ дар қаламрави Русияро тибқи мувофиқа бо сафорати Тоҷикистон дар Русия амалӣ мекунанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба муаллифони ин маълумот тавсия медиҳад, ки бо Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои дипломатӣ ва консулгарӣ, ки дар он вазифа ва уҳдадориҳои намояндагиҳои дипломатӣ дар кишвари иқомат зикр шудаанд, аз наздик ошно гарданд», - қайд мешавад дар изҳороти сафорати ҶТ дар Русия.
Намояндагии дипломатӣ ҳамчунин ба раҳбарияти ташкилоти «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» ёдрас мекунад, ки «тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муқими қаламрави Русия мебошанд, зимни содир кардани ин ё он қонуншиканӣ мутобиқи қонунгузории Русия ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва ба тафтиши ин қонуншиканиҳо танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар машғул мешаванд».
«Ба доираи уҳдадориҳои сафорат масоили марбут ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон дохил мешаванд, лекин ба даъвати шаҳрвандон ва гузашта аз ин, ба тафтиши ин ҳодисаҳо намояндагии дипломатӣ салоҳиятдор нест», - таъкид мешавад дар изҳорот.




Афзоиши ҷарима барои ронандаҳо. Барои кадом қонунвайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ чӣ қадар зиёд шуд?
Ҳунармандони “андозгурез”. Санъаткорон беш аз 660 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор будаанд
Аввалин қатораи санҷишии борбар аз Чин ба Тоҷикистон раҳсипор шуд
Ҳабси абади 3 тан ва то 25 соли зиндони 23 каси дигар барои таҷовуз ба номус дар Суғд
Саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ: Ҳабси 27 ҷавон ва ҷаримаи 69 тани дигар
Кумитаи дин: Ифтор манъ нашудааст, вале дар он исроф накунед
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 30
Тавассути роҳи оҳан байни Тоҷикистону Қазоқистон қариб 6 млн тонна бор кашонида шудааст
Соли гузашта тиҷорат байни Тоҷикистону Эрон 28% афзудааст
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста