Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа изҳор намуд, ки дар сафҳои созмонҳои террористӣ дар Сурия ҳудуди 10 ҳазор нафар зодагони кишварҳои узви Созмон меҷанганд.

«Дар маҷмӯъ мо дар бораи наздики 10 ҳазор нафар сухан мегӯем. Оид ба кишварҳо маълумоти саҳеҳу дақиқ дорем. Доир ба чанд нафар аз Русияву, чанд тан аз Қирғизистону Тоҷикистон будани онҳо маълумот дорем. Хадамоти махсус рӯйхати онҳоро доранд ва касонеро, ки ба минтақаҳои низоъ раҳсипор шуданианд, ошкор месозанд», - иброз доштааст ӯ.

Ба қавли номбурда, аллакай низоми назорат аз болои вуруди муҳоҷирон аз минтақаҳои даргириҳои мусаллаҳона роҳандозӣ шудааст, то ки тамоил ва вазъ дар ҷараёни муҳоҷират пайгирӣ шавад.


«Агар ҷараёни муҳоҷират рӯ ба афзоиш ниҳаду ба амнияти кишварҳои узви СААд хатар эҷод кунад, албатта, тадбирҳо андешида мешаванд, вале алҳол барои ин зарурате вуҷуд надошта, мо танҳо вазъро пайгирӣ дорем», - гуфтааст Бордюжа.

Дабири кулии СААД ҳамчунин зикр кардааст, ки оид ба ҷамъоварии маълумот дар ин хусус аз ҳамаи кишварҳои Созмон тавофуқ ҳосил шудааст, то ки мушоҳидаи тағйирёбии ҷараёни вуруди муҳоҷирон мушоҳида шавад. «Дар ҳамин ҳол, ба шаҳрвандон аз панҷ кишвар - Афғонистон, Сурия, Яман, Либия ва Ироқ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад». - илова кардааст Н.Бордюжа.

Моҳи декабри соли 2014 Кумитаи миллии зиддитеррористӣ изҳор дошт, ки наздики 1,5 ҳазор зодагони кишварҳои узви ИДМ дар сафҳои созмонҳои террористӣ дар Сурия меҷанганд, ки 850 нафари онҳо шаҳрвандони Русия мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ахир, ки аз ҷониби покурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзода садо дода буданд, дар сафҳои созмонҳои террористӣ дар кившарҳои хориҷӣ 1 ҳазору 94 шаҳрванди Тоҷикистон меҷанганд. Соли гузашта 147 шаҳрванд аз сафи гурӯҳҳо дар кившарҳои хориҷӣ ба ватан баргашта, 780 нафар шаҳрвандони дар сафҳои Давлати исломӣ ҷанганда мавриди ҷустуҷӯ эълони шудаанд.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки имрӯз котиби Шӯрои амияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дар кори ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Ереван иштирок мекунад.