Сафорати ИМА дар Душанбе дар мавзӯи ҳамкории низомӣ-шаҳрвандӣ ва бехатарии гурезаҳо конфронс баргузор намуд.
Коршиносони соҳавӣ, ки аз ҷониби Маркази аврупоии омӯзиши масоили амниятӣ ба номи Ҷорҷ Маршал воқеъ дар Олмон ҳамоҳанг мегарданд, ба гузаронидани чорабинии мазкур мусоидат намуданд. Дар ин конфронс, ки дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, намояндагони Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин сохторҳои байнидавлативу созмонҳои ғайридавлатии дар Тоҷикистон амалкунанда иштирок намуданд.
Бино ба иттилои намояндагии диплматии МА дар ҶТ, чорабинии мазкур мутахассисон оид ба ҳамкории низомӣ-шаҳрвандӣ, кӯмаки башардӯстона, вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, тадорукоти низомӣ, сиёсати муҳоҷирӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти ҷамъиятиро ба ҳам овард, то онҳо тавонанд таҷриба ва сиёсати ҷаҳонии вокуниш ба бӯҳрони гурезаҳоро таҳқиқ ва баррасӣ намоянд.
Дар ҷаласаҳои конфронс вазъи имрӯзаи гурезаҳо ва муҳоҷирон дар Тоҷикистон, ҳамчунин истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳон барои таъмини амнияти миллӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои гурезагони дохилӣ баррасӣ гардид. Дар рафти конфронс коршиносони Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезагон (РКОСММГ), Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ), Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ), Созмони пулиси ҷиноии байналмилалӣ (Интерпол) ва дигар сохторҳои марбут баромад карданд. Ширкати чунин гурӯҳи мутахассисон аз соҳаҳои гуногун дар конфронс имкон фароҳам овард, то масоили матраҳшаванда аз нуқтаи назари ҳам сохторҳои амниятӣ, ҳам созмонҳои ба гурезагон ёрирасон ва ҳам гурезагони афғони муқими Тоҷикистон баррасӣ шавад.
Конфронси мазкур ҷузъи нақшаи мулоқоти низомиён-бо-низомиёни ҳамасолаи Фармондеҳии марказии ИМА бо Тоҷикистон мебошад, ки мақсад аз он мусоидат ба баланд бардоштани зарфияти Тоҷикистон дар рафъи муносиби мушкилоти амниятии минтақа аст. Фармондеҳии марказии ИМА барои хадамоти амниятии Тоҷикистон мунтазам чунин тренингу семинарҳо ва табодули таҷриба мегузаронад. Сафорати ИМА дар ш. Душанбе дар тасмими худ оиди дастгирӣ намудани амнияти сарҳади Тоҷикистон ва иқтидори он барои ҳалли мушкилиҳои эҳтимолии гуманитарӣ содиқ хоҳад монд.



Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Маош аз 60 то 200 ҳазор рубл. Мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷойи кор пешниҳод доранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста