Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маълумоти боздошти тоҷикистониён ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар фурудгоҳи шаҳри Истанбулро мавриди санҷиш қарор додааст.
Аз Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки доир ба боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон алҳол ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар маълумоти расмӣ нарасидааст.
«Айни замон намояндагии дипломатии мо маълумоти аз ҷониби васоити ахбори умумии Туркия интишоршуда бо истинод ба президенти ин кишварро месанҷад», - гуфт манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти ВАО, Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон изҳор доштааст , ки дар амали террористии фурудгоҳи Истамбул зодагони собиқ кишварҳои пасошӯравӣ даст доштаанд. Дар робита ба ин ҳодиса 30 нафар боздошт шудаанд, ки миёни онҳо зодагони Доғистон (Русия), Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳузур доранд.
Сарвари давлати Туркия ҳамчунин аз ҷониби созмони террористии Давлати исломӣ, ки дар як қатор кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯъ аст, содир шудани амали террористиро тасдиқ карда, иброз доштааст, ки «мутаассифона, ба амали террористӣ ҳамсояҳои мо аз Қафқози Шимолӣ даст доранд.
Қобили зикр аст, ки бар асари таркишҳои рухдода дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул 44 нафар, аз ҷумла 19 тан аз шаҳрвандони хориҷӣ ҳалок ва беш аз 200 нафари дигар осеб диданд.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста