Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 10 июл бо сафари корӣ ба Қирғизистон раҳсипор гардида, дар мулоқот бо прокурори генералии Қирғизистон Индира Ҷолдубаева дар Бишкек маҷмӯи васеи масоили таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад.
Аз Прокуратураи генералии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар вохӯрии мазкур баррасии масоили муқовимат ба терроризми байнулмилалӣ ва ифротгароии динӣ, мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ тариқи марзҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки ҳайати Прокуратураи генералии Қирғизистон таҳти сарварии прокурори генералии ин кишвар Индира Ҷолдубаева охири моҳи ноябри соли гузашта бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварда буд.
Ин сафар дар доираи амалисозии Созишнома дар бораи кумаки ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ миёни Прокуратураҳои генералии Қирғизистону Тоҷикистон, ки 27 августи соли 2015 дар шаҳри Остона ба имзо расида буд, сурат гирифт.




Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 феврали соли 2026
Ҳукми Фарҳод Назаров, омӯзгоре аз Левакант, ки хонандаро “шаппотӣ” зад, содир шудааст
Маркази патенту иттилоот мегӯяд, Тоҷикистон қариб 3600 ихтироъкор дорад. Онҳо чӣ навоварӣ кардаанд?
Бонки миллӣ гуфт, талош дорад се бонки Тоҷикистонро аз зери таҳрими Иттиҳоди Аврупо раҳо кунад
Як сокини вилояти Хатлон ва ду шаҳрванди хориҷӣ бо гумони қочоқи маводи мухаддир аз 14 то 19 сол зиндонӣ шудаанд
Боздошти як мард бо иттиҳоми куштори хазинадори НФС- и "Азия-Нефт" бо зарби 20 корд
Муовини раиси Конибодом барои тақсими ғайриқонунии замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар вазифааш кор мекунад
"Ду моҳи дигар муҳлат доданд". Оҷонсии нафақа сабаби тӯл кашидани бақайдгирии нафақагиронро шарҳ дод
Боздошти як муовини комиссари ҳарбӣ бо гумони гирифтани пора барои озод кардани ду ҷавон аз хидмат
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста