Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали террористӣ дар Кобул, ки ба ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани нафарони зиёд боис гардид, ба раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки «хабари ҳамлаи хунинтарини маргталабонро дар Кобул, ки муҷиби ҳалокату захм бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта гардид, бо андӯҳи бузург дарёфтам».
«Ҷониби Тоҷикистон дар қатори тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ин аъмоли зишту ғайриинсонии интиҳориёнро қатъиян маҳкум намуда, зарурати таъхирнопазири таҳкими муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи нерӯҳои аҳримани терроризми байналмилалӣ таъкид менамояд. Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Афғонистон ҳассос мо омодагии хешро ҷиҳати тақвияти воқеии ҳамкории кишварҳоямон дар роҳи решакан кардани ҳамгуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ иброз медорем», - омадааст дар барқия.
Дар фарҷоми барқия сарвари давлати Тоҷикистон ба ҳар хонаводаи фавтидагон эҳсоси ҳамдардӣ ва ғаму ғуссаи амиқ изҳор намуда, шифои комили ҳамаи осебдидагонро хостааст.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ВАО, рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда миёни издиҳом дар майдони Деҳмазанг ду таркиш ба вуқӯъ пайваст, ки онро ду маргталаб анҷом доданд. Террористи сеюми ба майдон воришударо кормандони пулис боздошт карданд. Бино ба маълумоти ахир, бар асари ин амали террористӣ 80 нафар ҳалок ва беш аз 230 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон ҳамла ба иштирокчиёни гирдиҳамойии осоиштаи рӯзи 23 июл дар Кобулро қотеъона маҳкум намуд.




Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон бобати рушди ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд
Тоҷикистону Эрон тасмим гирифтанд, ки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро густариш диҳанд
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 феврали соли 2026
“Бебокиаш сабаб шуд, ки...”. Ёдбуди адиб Алӣ Бобоҷон дар Душанбе
Мусодираи 58 кг маводи мухаддир аз ду сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Соли 2025 барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо 14 ҳолати ришваситонӣ ошкор шудааст
Русия дастрасӣ ба “WhatsApp”-ро пурра баст. Акнун муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо пайвандонашон тамос гиранд?
Ҷасади зани 36-солае, ки дар Амрико дар пайи садама ҷон бохт, имшаб ба Тоҷикистон меоранд
Оғози Рамазон 19-уми феврал аст. Муфтӣ гуфт, ки чаро дар баъзе кишварҳо як рӯз пеш рӯза гирифтанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста