Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки имрӯз дар шаҳри Ереван доир мегардад, Тоҷикистонро муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Абдулҳошим Ғуломзода намояндагӣ мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар дод.

Дар ҷаласаи мазкур вазирони мудофиаи кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон масоили фаъолият ва рушди низоми амнияти дастаҷамъӣ, тадбирҳои такмили кори Ситоди муттаҳидаи СААД ва дурнамои тарҳрезии ҳамкориҳои низомии кишварҳоро баррасӣ мекунанд.

Ғайр аз ин, баррасии масоили марбут ба таъсиси ташкилоту муассисаҳои пажӯҳиши илмӣ дар соҳаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ва зиддимушакӣ, ҳамчунин аломатҳои низомии тамғашиносӣ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки айни замон ба ҳайати СААД кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд. Соли 2016 раёсати СААД ба зиммаи Арманистон вогузор шудааст.