Раҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон маълумоти интишоршуда аз ҷониби чанде аз васоити ахбори умум доир ба пурзӯр кардани посбонии марз бо Ӯзбекистонро рад мекунад.
Сардори маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар сарҳади давлатӣ бо Ӯзбекистон марзбонони тоҷик бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.
«Мувофиқи маълумотҳое, ки мо дар даст дорем, сарҳадбонони кишвари ҳамсоя низ ҳеҷ гуна тадбирҳои пурзӯр кардани назорати сарҳадро пеш нагирифтаанд ва ба таври маъмулӣ фаъолият доранд», - иброз дошт ӯ.
Қобили зикр аст, ки қаблан нашрияи «Москивский комсомолец» бо истинод ба сарчашмаҳои наздик ба раҳбарияти Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки пас аз маълумот дар бораи марги Ислом Каримов, Тоҷикистон аз ташаннуҷи вазъ дар марз бо Ӯзбекистон нигаронӣ дорад ва дар ин робита дар марзи ин ду кишвар ба тадбирҳои амниятӣ тақвият бахшидааст.




Ҷанги Амрико ва Исроил дар Эрон. Масъуд Пизишкиён ба мардумаш паём дод ва марги Хоманаиро таслият гуфт
Дабири Шӯрои олии дифоъ, вазири дифоъ, фармондаи кулли Сипоҳ ва раиси Ситоди кулли артиши Эрон кушта шуданд
Ҳеҷ гоҳ бо Амрико канор наёмад. Алӣ Хоманаӣ кӣ буд ва чӣ корномае аз худ боқӣ гузошт?
"Нигаронии амиқ"-и Тоҷикистон аз "ташаннуҷи бесобиқаи вазъ дар Ховари Миёна"
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 марти соли 2026
ФАВРӢ! Алии Хоманаӣ, роҳбарии олии Эрон кушта шудааст
Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон. Сафорати Тоҷикистон ба шаҳрвандононаш тавсия дод, ки Эронро тарк кунанд
Вазорати корҳои хориҷии Эрон: “Бо иқтидор ҷавоби таҷовузкоронро медиҳем”
Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати баҳорӣ ба артишро имзо кард
Хабари муҳим барои ронандагони воситаи нақлиёт: Оғози ҷаримаи худкор барои надоштани суғуртаи ҳатмӣ ва муоинаи техникии мошин
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста