Дар шаҳри Ереван ҷаласаи нуҳуми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои узви СААД доир гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Наазарзода низ ширкат варзид.
Дар ҷаласа масоили густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байнулмилалӣ бо мақсади истифодаи имконоти онҳо дар кумак ба ҷабрдидагон аз ҳолатҳои фавқулода, рафти амалисозии Нақшаи тамрину дигар чорабиниҳои муштараки мақомоти дахлдори кишварҳо дар соли 2016 баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои оид ба амалисозии самтҳои асосии рушди низоми вокуниши дастаҷамъонаи кишварҳои узви СААД ба ҳолатҳои фавқулода низ баррасӣ шуда, атрофи масъалаҳои омодагии кадрҳо барои ниҳодҳои марбута дар муассисаҳои таълими олии назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия, нақшаи чорабиниҳои муштарак барои соли 2017 табодули назар сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки роҳбарони мақомоти ваколатдори кишварҳои узви СААД дар бахши пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз мебошанд.



