Дар вилояти Суғд 3 нафар толибилмони омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ба гумони робита доштан бо гурӯхи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи Давлати исломӣ боздошт шуданд.
«Се нафар ҷавонони синни аз 17 то 20-сола тариқи шабакаи Интернет аз ҷангиёни Давлати исломӣ оид ба омода кардани маводи тарканда дастур гирифтаанд», - хабар дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита як манбаъи муътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Бино ба гуфтаи манбаъ, ҷавонон рӯзи 26 октябр аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ боздошт шудаанд.
«Толибилмони омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ният доштаанд, ки маводи тарканда омода карда, бо ин мақсад таркибҳову лавозимоти зарурӣ барои онро тайёр кардаанд. Ҳангоми боздошт далелҳои шайъӣ аз онҳо мусодира шуд», - гуфт манбаъ, вале ба хотири сирри тафтишот аз ифшои ҷузъиёти дигари ин масъала худдорӣ кард.



