Дар ИМА зидди муҳоҷири ӯзбекистонӣ, ки баъди пахши одамон дар Ню-Йорк боздошт шуд, бар асоси 22 банд, аз ҷумла куштор ва дифоъ аз гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" айб эълон карданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар асоси хулосаи нави мақомот, Сайфулло Саипови 29-сола дар куштори 8 тан ва талоши куштори 12 каси дигар айбдор мешавад. Дар сурати исбот шудани айби Саипов, нисбати вай ҳукми қатл татбиқ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, Сайфулло Саипов 21 октябр, баъди он боздошт шуд, ки бо мошини борбари иҷора дар роҳи пиёдагард одамонро пахш кард.

Ин ҳодиса баъди ҳамлаи 11 сентябри соли 2011 хунинтарин ҳамла эълон шуд. Саипов ба маҳзи боздошт шудан дар терроризм айбдор гардид. Аммо додситонҳо чанд ҳафтаи дигарро сарф карданд, то айбҳои навро нисбати вай эълон кунанд.

Вакили Саипов то кунун айбҳои навро шарҳ надодааст. Интизор меравад, Саипов 28 ноябр дар додгоҳ посух гӯяд.

Зикр мегардад, ки додситони кулли ИМА Ҷефф Сешнс ин ҳодисаро "ҳамлаи тарҳрезишудаи террористӣ" унвон кардааст.