Дар Стратегияи милии коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ дар давраи солҳои 2019-2030, ки 29 декабри соли 2018 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон қабул шуд, қайд мешавад, ки тӯли 22 соли охир бар асари офатҳои табиӣ ба ҷумҳурӣ ним миллиард доллар зиён расидааст.

“Дар давраи аз соли 1997 то соли 2018 дар Тоҷикистон тақрибан 3460 ҳодисаҳои офати табиӣ рух дод, яъне ба ҳисоби миёна ҳар ду рӯз як ҳодисаи офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст”, - омадааст дар Стратегия.

Гуфта мешавад, навъи бештар маъмул (ба ҳисоби миёна 70 ҳодиса дар 1 сол) ва марговар (ба ҳисоби миёна 35 ҳалокшуда дар 1 сол)-и офати табиӣ селҳо шуморида шуда, дар зинаи дуюм ҳодисаҳои фаромадани тарма ва ярчҳо (ба ҳисоби миёна 27 ҳодиса ва 6 ҳалокшуда дар 1 сол) қарор доранд.

Дар ин давра дар як сол ба ҳисоби миёна 23 офати табиии марбут ба заминларза ва 2 ҳалокшуда дар 1 сол бар асари он ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, ҳаҷми умумии зиёни расида аз офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон дар давраи солҳои 1997-2018 беш аз 589 млн. долларро ташкил додааст: аз сел – ба ҳисоби миёна 15 млн. доллар, хушксолӣ – 5,4 млн. доллар (солҳои 2000-2001) ва заминҷунбӣ – 3,3 млн. доллар.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.