Сафари ҳайати Қирғизистон таҳти роҳбарии муовини сарвазири ин кишвар Жениш Раззоқов рӯзҳои 5-6 апрел ба нақша гирифта шудааст. Ҳайати кишвари ҳамсоя дар ҷаласаи навбатии байниҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон иштирок мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон.

Ҳайати Тоҷикистонро дар гуфтушунидҳо бо ҷониби Қирғизистон муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим роҳбарӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки аз 976 километр тӯли сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шуда, мақоми номаълуми қитъаҳои боқимондаи сарҳад ба сар задани муноқишаҳо боис мегарданд.

Ёдрас мекунем, ки муноқишаи охир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 13-14 март сурат гирифта, бар асари он 2 нафар шаҳрвнади Тоҷикистон ҳалок ва беш аз 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Чанде аз шаҳрвандони Қирғизистон низ захмӣ шуданд.

Пас аз гуфтушунидҳои панҷрӯза бо иштироки муовинони сарвазирони кишварҳо аз замони оғози муноқиша, вазъ дар сарҳад ба эътидол оварда шуд.

Дар доираи созишномаи баимзорасида аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ба корҳо оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни давлатҳо бар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ аз соли 2014 суръат мебахшанд.

Мувофиқи созишномаи соли 2014 баимзорасида, сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ, ки бидуни убури қаламрав аст, идома ёфта, лекин он танҳо барои ба дигар макон кӯчонидани чорво истифода хоҳад шуд. Байни деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури қаламрави деҳаи Оқсой роҳи нави автомобилгарди асфалтпӯш сохта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл зимни ҷаласаи пушти дарҳои пӯшидаи Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) вакил Каромат Орозова пешниҳод намуд, ки ба Оқ-Сой мақоми иншооти стратегӣ дода шуда, ҳамчунин шаҳрвандони осебдидаи кишвар зимни муноқиша дар марз Мирбек Ҷӯраев, Улуғбек Жониқулов ва Оқилбек Тӯйчиев бо медали “Данк” қадрдонӣ карда шаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.