Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба реҷаи шабонарӯзии адои хизмат гузаштанд.

Бо назардошти обуҳавои номусоид дар кишвар ва боришоти шиддатнок раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода фармон ба имзо расонидааст, ки мувофиқи он кормандони Кумита ин рӯзҳо доимо дар ҳолати омодабош қарор хоҳанд дошт, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти Кумита.

“Наҷотдиҳандагон ва хизматчиёни қисмҳои ҳарбии Кумита дар ҳама гуна ҳолатҳо омодаанд, ки ба ҷойи ҳодисаҳои офатҳои табиӣ сафарбар ва ба аҳолӣ кумак кунанд”, - гуфтанд дар Кумита.

Бино ба маълумоти Кумита, шаби гузашта дар қаламрави Тоҷикистон ҳодисаҳои фавқулода ва нохуш бар асари офатҳои табиӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз, 24 апрел дар Тоҷикистон боридани боронҳои шиддатноку жола ва раъду барқ дар назар аст. Рӯзи 25 апрел дар ноҳияҳои баландкӯҳ (1500 метр) борон ба барфи тар табдил меёбад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, дар Душанбе, Ҳисор,  Варзоб, Файзобод, Ваҳдат, Нуробод,  Рашт, Сангвор, Дарвоз, Кӯлоб, Фархор, Восеъ, Данғара, Ховалинг, Муъминобод, Ш. Шоҳин,  Панҷакент, ағбаи Шаҳристон,  Мастчоҳ, Истаравшан, Ёвон ва Рӯдакӣ боридани боронҳо шиддатнок ва омадани сел дар назар дошта шудааст.

Муддати ду рӯз дар Душанбе борони шиддатнок ва раъду барқ пешбинӣ шуда, ҳарорат 10-12 дараҷа поин ва ҳамагӣ 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин рӯзҳо риояи қоидаҳои бехатариро ҳангоми чунин офатҳои табиӣ тавсия медиҳад, ки муфассалтар бо онҳо дар сомонаи расмии Кумита шинос шуда метавонед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.