Раиси Хадамоти федералии амнияти Русия Александр Бортников зимни суханронӣ дар машварати роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки як бахши Давлати исломӣ бо номи “Вилояти Хуросон” наздики 5 ҳазор ҷангиёнро ба минтақаи шимоли Афғонистон сафарбар кардааст, ки бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамсарҳаданд.
Зимни муроҷиат ба иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсусуи кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе ӯ қайд кард, ки амали террористон дар мавриди ташкили пойгоҳҳо дар Африқои Шимолӣ ва Осиё боиси нигаронӣ аст.
“Сафарбарии гурӯҳҳои террористӣ ба вилоятҳои шимоли Афғонистон, ки бо давлатҳои Иттиҳод ҳаммарзанд, боиси нигаронии хос аст. Дар ин минтақа бахши “Вилояти Хуросон”-и Давлати исломӣ наздики 5 ҳазор ҷангиёнро ҷамъ овардааст, ки аксарияти онҳоро шаҳрвандони дар Сурия ҷангидаи кишварҳои узви ИДМ ташкил медиҳанд”, - овардааст гуфтаҳои Бортниковро хабаргузории РИА Новости.
Бино ба гуфтаи раиси Хадамоти федералии амнияти Русия, аъзои гурӯҳҳои террористӣ “барои истеҳсли аслиҳаи кимиёвӣ ва биотоксинҳо маводу технология ва зербинои заруриро дар ихтиёр доранд”.
Бортников ҳамчунин қайд кардааст, ки барои дастгирии аъзои гурӯҳҳои Давлати исломӣ сарпарастони онҳо бештар аз низомҳои электронии пардохт ва криптовалютаҳо истифода мекунанд. Ғайр аз ин, даромад аз фурӯши ғайриқонунии нафт ва дигар амалиёти ҷинояткорона низ бо ҳамин мақсадҳо истифода мешавад.
“Майдони ғайрирасмии мусулмонии молиявии “Ҳавола” сарчашмаи муҳими маблағгузории созмонҳои террористии байнулмилалӣ аст”, - таъкид доштааст ӯ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста