Дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Хайят Риҷенси Душанбе” имрӯз масъалаҳои ҳамкорӣ ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ, баргузор намудани машқҳои муштарак, табодули таҷриба дар ин самт ва омода кардани кадрҳо баррасӣ мешаванд.

Дар доираи амалисозии лоиҳаи “Таҳкими низоми идоракунии хатари офатҳо дар Тоҷикистон” дар Душанбе оид ба коҳиши хавфи оқибатҳои офати табиӣ ва амалисозии Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо барои солҳои 2015-2030 Конфронси минтақавӣ доир мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” Умеда Юсуфӣ, котиби матбуотии КҲФ ва МГ-и граждании назди ҳукумати Тоҷикистон.

Барои иштирок дар кори ин ҷорабинӣ роҳбарони агентиҳову кумита ва вазоратҳои ҳолатҳои фавқулодаи Афғонистон, Ҳиндустон, Қирғизистон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Чин, Муғулистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Ҳамчунин аз иштироки фиристодаи махсуси Дабири кулли СММ Антонио Гуттериш дар кори конфронс низ интизорӣ меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.