Дар натиҷаи тирандозӣ дар мавзеи ҳаммарз бо Қирғизистон 5 тан афсару сарбозони тоҷик маҷруҳ ва се нафари дигар ҳалок шуданд.

Рӯйхати захмишудагон аз ҷониби Тоҷикистон:

1. Ашурзодаи Муҳаммад, сарбози қатории қисми низомии 0202, соли таваллуд 1999, захми оташфишонӣ бо ҷисми бегона дар чашми чап, дар шуъбаи ҷарроҳии калонсолон бистарӣ шудааст.

2. Шоҳрухи Сафархуҷа, сарбози қатории қисми низомии 0202, соли таваллуд 2000, захми оташфишонии мавзеи корси чап бо ҷисми бегона, дар шуъбаи ҷарроҳии калонсолон бистарӣ шудааст.

3. Шамсиев Идибек, афсари “Алфа”-и КДАМ ҶТ, соли таваллуд 1980-1982, захми оташфишонии воридшавандаи косахонаи сар бо захми майнаи сар ва захмҳои оташфишонии мавзеи қисми болоии рони чап дар шуъбаи эҳё бистарист.

4. Шодиев Сомон, сарбози қатории қисми низомии 0214-6, соли таваллуд 2000, бо захми оташфишонии рӯякии бозуи дасти чап ва захмҳои ҷоғи поин дар шуъбаи амбулаторӣ бистарӣ шудааст.

5. Сардори шуъбачаи Овчӣ-Қалъача Негматов Саидмумин, соли таваллуд 1985, бо захми оташфишонии расандаи чаккаи чап дар шуъбаи амбулаторӣ бистарист.

Ин маҷруҳон дар беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир карда шудаанд.

Ҳамзамон дар гузаргоҳи “Кулунду - Овчиқалъача” убури марз барои шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон муваққатан манъ шудааст. Дар ин бора 24.kg бо истинод ба Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон хабар медиҳад.

«Гузаштани сарҳадро Тоҷикистон якҷониба боздошт. Маҳдудият ба шаҳрвандони кишварҳои сеюм дахл надорад. Гузаргоҳҳои дигар бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд. Дар сарҳади байни Қирғизистону Тоҷикистон ҳамагӣ 5 гузаргоҳи назоратӣ мавҷуд аст”, - иттилоъ додааст хабаргузорӣ.

Алҳол муяссар нашуд, ки ин маълумотро дар мақомоти сарҳадбонии Тоҷикистон тасдиқ кунем, зеро хадамоти матбуоти ин ниҳод ба зангҳои телефонӣ посух намедиҳад.

Дар баробари ин 24.kg дар бораи оғози марҳилаи дуюми гуфтушунидҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар ин қитъаи сарҳади давлатӣ хабар медиҳад. Ҳайати гурӯҳҳои гуфтушунид аз ҳар ду ҷониб муайян карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки шоми дирӯз дар қаламрави майдони варзишии Баҳори ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд задухӯрди мусаллаҳонаи марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон рух дод.

Дар ҷараёни тирпаронии марзбонон 3 нафар афсару сарбозони Тоҷикистон ва 1 нафар марзбони қирғиз ҳалок шуданд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи 13 нафар маҷруҳон хабар дода, аз ҷониби Тоҷикистон 5 нафар афсару сарбозон ҷароҳат бардоштанд.

Дар ҳамин ҳол, сокинони ҷамоати Овчӣ-Қалъача ба Asia-Plus навори видео фиристоданд, ки ва тавре аз он бармеояд, ҷониби Қирғизистон барои сохтмони кадом як иншооте ҷой тайёр мекунад. Заминҳои ин мавзеъ то ҳол аломатгузорӣ нашудааст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд.