Дар Тоҷикистон фардо, 21 феврал 27-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ бо сафороии низомӣ ҷашн гирифта мешавад.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, дар ҳудуди Гвардияи милии Тоҷикистон бо иштироки наздики 8 ҳазор нафар сарбозону афсарони сохторҳои қудратии кишвар гузашти ҳарбии тантанавӣ баргузор мешавад.
Дар ин сафороии низомӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, гузаштро вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо фармондеҳӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, ба муносибати солгарди навбатии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ дар тамоми шаҳру навоҳӣ чорабиниҳои идона баргузор мешаванд. Дар боғҳои пойтахт бо иштироки дастаҳои эҷодии Вазорати мудофиа консертҳо барпо мешаванд.
Рӯзи 23 феврал дар тамоми ҷузъу том, қисмҳои низомӣ ва гарнизонҳо сафороии тантанавӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ доир мегарданд.
23 феврал дар Тоҷикистон аз соли 1993 ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ ҷашн гирифта мешавад. Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз Қӯшунҳои зудамал, хушкигард, ҳарбию ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иборатанд.
Тибқи нақшаи ҳукумат ва Вазорати мудофиаи кишвар, моҳи сентябри соли 2021 дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ гузашти низомии пуршукӯҳ доир мегардад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса
Охири ҳафта борони шадид меборад ва раъду барқ мешавад. Огоҳии КҲФ ба сокинони кишвар
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста