Ба ифтихори 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзи 21 феврал дар ҳудуди Гвардияи миллии кишвар дар Душанбе бо иштироки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузашти низомӣ доир гардид.

Дар гузашт беш аз 8 ҳазор нафар сарбозону афсарони сохторҳои қудратии кишвар ширкат варзиданд. Гузашт таҳти фармондеҳии вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-полковник Шералӣ Мирзо баргузор шуд. Ҳамчунин техникаи ҳарбии артиши Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарбозону афсарони артишро таҳният гуфта, сипас гузашти низомӣ доир гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.