Миёни ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ягон далели сирояти сарбозону афсарон аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар Вазорати мудофиа итминон медиҳанд, ки саривақт роҳандозии чораҳои карантинӣ ба ин мусоидат кардааст.
Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён хабар дод, бо дастури раҳбарияти Вазорат фармондеҳони ҳамаи қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо назорати риояи гигиенаи шахсиро байни сарбозону афсарон пурзӯр кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, табибони ҳарбӣ вазъи солимии сарбозону афсаронро мунтазам зери назорат доранд.
Дар макони нигаҳдории техника, иқоматгоҳи сарбозон ва ҳудуди тамоми воҳидҳои ҳарбӣ ҳамарӯза корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд. Ба ҷуз ин, ҳамаи машқҳои саҳроӣ бекор карда шуданд.
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон қаблан рухсатӣ ва дидорбинии сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбиро бо пайвандону наздиконашон муваққатан манъ карда буд.
Ҳавопаймои ҳарбии боркашонии Артиши мардумии озодихоҳи Чин дирӯз барои табибони ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба Душанбе кумаки башардӯстона овард. Табибони ҳарбӣ аз ҳамтоёни чинии худ ба маблағи умумии 2 миллион юан 13 номгӯйи таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ гирифтанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.