Дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ё ба истилоҳ зиндонҳо бемории коронавирус ба пуррагӣ нест гардидааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Мансурҷон Умаров хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, тӯли чанд моҳ мешавад, ки дар муассисаҳои ислоҳии кишвар бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва маҳбусон низ бо нишонаҳои беморӣ ба табибони муассиса муроҷиат накардаанд.
Умаров гуфт, ки дар ҳолати ба қайд гирифтани бемории мазкур иҷозати мулоқот бо наздикони маҳбусон дода намешуд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки баъди нест гардидан беморӣ, ба мулоқот, ки чанд моҳ наздикони маҳбусон ва худи онҳо интизор буданд, расман иҷозат дода шуд.
Сардори СИҶҶ инчунин илова кард, ки «ҳоло хешу наздикони маҳбусон ба вохӯриҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат меоянд ва барои пешгирии касалиҳои сироятӣ, аз ҷумла Covid-19 аз ташхиси тиббӣ мегузаранд ва маълумотномаи гирифтор набудан ба бемориро ҳангоми ворид шудан ба муассиса пешниҳод менамоянд. Бе маълумотнома тиббӣ ворид шудан ба муассисаи ислоҳи иҷозат нест. Инчунин ҳамаи тавсияҳои табибон ва чораҳои зарурии сантитарӣ дар муассисаҳо гузаронида шуда, ба маҳбусон ниқобҳои тиббӣ ва кӯмаки тиббӣ саривақт расонида мешуд».
Қобили зикр аст, ки ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар ҳамаи муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон дидорбинии кӯтоҳмуддат ва дарозмуҳлат бо маҳбусон аз 31-уми март муваққатан манъ карда шуда буд. Танҳо баъди 7 моҳ , 16 ноябр дубора дар муассисаҳои ислоҳиӣ ба мулоқоти маҳбусон бо наздиконашон иҷозат дода шуд.
Бояд гуфт, ки аз аввали ба қайд гирифтани бемории коронавирус дар Тоҷикистон дар муассисаҳои ислоҳии кишвар 11 маҳбус ва се корманд аз илтиҳоби шуш ҷон бохта буданд. Худи Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ 28-уми сентябр ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки бештар аз як моҳ аз бемории Covid-19 ранҷ мебурд ва бар он пирӯз омад.
“Баъди тақрибан як моҳ аз беморхона рухсат шудам ва ҳоло дар хона қарор дорам. Худро беҳтару хубтар ҳис мекунам, аммо беҳолӣ ва бемадорӣ то ҳол дар вуҷудам эҳсос мешавад. Рӯзҳои наздик ба кор шурӯъ мекунам ва умед аст ҳама мушкилот паси сар мешавад”, - гуфта буд он замон раиси идораи зиндонҳо.
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки аз куҷо сироят ёфтан ба бемории коронавирус ҳанӯз барояш маълум нест, вале мегӯяд, бемориро дар бемористони бемориҳои сироятии кӯдакона хеле вазнин паси сар намудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста