Қирғизистон даъвояш бар сари сокини ҷамоати Ворухи Исфара Фурқат Абдуфатоевро дигар кардааст. Ин бор Раёсати корҳои дохилии Бодканди Қирғизистон дар номае ба мақомоти тафтишотии Бошқирдистон иддао кардааст, ки Абдуфаттоев моҳи июли соли 2019 роҳи байни Воруху Оқсой (марзи Тоҷикистону Қирғизистон)-ро баста, "ба бетартибӣ роҳ дод".
Дигар шудани даъвои ҷониби Қирғизистон дар ҳолест, ки пештар аз ин кишвар даъво дошт Абдуфаттоев 13-уми марти соли 2019 дар як моҷарои марзӣ ширкат кардаву сокинонро таҳрик додааст ва аз Русия талаб карда буд ӯро ба ин кишвар истирдод кунад.
Ҳоло Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканди ин кишвар дар номае ба мақомоти тафтишотии Бошқирдистон иддао кардааст, ки Абдуфаттоев моҳи июли соли 2019 роҳи байни Воруху Оқсой (марзи Тоҷикистону Қирғизистон)-ро баста, "ба бетартибӣ роҳ дод".
Додгоҳи олии Бошқирдистони Русия ҳам бар пояи даъвои нави Бишкек муҳлати Абдуфаттоевро ду моҳи дигар дароз кард.
Пас аз сар задани ин моҷаро ҷониби Тоҷикисон Фурқат Абдуфатоевро бегуноҳ хонад, асноди лозимро барои исботи бегуноҳии ӯ ба ҷониби Русия фиристода буд.
Додситонии вилояти Суғд ҳам Фурқат Абдуфаттоевро дар бетартибиҳои сарҳадии 13-уми марти соли 2019 дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон гунаҳкор намедонад. Дар ин бора Давлат Сафаров, сардори шуъбаи тафтишотии додситонии вилоят зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дода буд.
"Аз ҷониби мақомоти Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд, ки ин парвандаи ҷиноӣ аз ҷониби онҳо тафтиш карда шудааст, маълумотномаҳои дахлдор тартиб дода шуда ба Русия ирсол карда шудааст. Ва айни замон масъалаи озод кардани шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия баррасӣ шуда истодааст",-гуфта буд ин мақоми додситонӣ.
Дар ҳоли ҳозир наздикони Фурқат Абдуфаттоев ҳарду иттиҳомро намепазиранд ва мегӯянд, ӯ дар ягон низои сарҳадӣ ширкат накардааст.
Раёсати корҳои дохилии Бодканд дар огоҳномаи наве, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шудааст, иддао кардааст: "Фурқат Абдуфаттоев ҳамроҳи сокинони дигари ҷамоати Ворух – Толиб Юсуфов, Диловар Ҷӯраев, Наҷмиддин Неъматов, Рустам Мирзоев ва дигарон (ҳудуди 70 нафар) рӯзи 22-юми июли соли 2019 роҳи Оқсой ва Ворухро бастанд. Онҳо бо мошин сангреза оварда, ба бетартибӣ роҳ доданд. Ҳадафи онҳо зарари ҷисмонӣ расондан ба сокинони Қирғизистон буд".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста