Дар қаламрави се машқгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон имӯз, 19 апрел тамринҳои густардаи маҷмӯавии фавриву тактикӣ оғоз шуданд.
Ин тамринҳо аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, то 23 апрел идома меёбад.
Дар он намояндагони сохторҳои қудратии кишвар, ҳайати захираҳои даъвати сафарбарии артиши ҷумҳурӣ аз ҳамаи 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, кормандони мақомоти давлатии кишвар, сарбозону афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон иштирок мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар полковник Фаридун Маҳмадализода.
Ба гуфтаи ӯ, тамринҳо бо иштироки ҳудуди 50 ҳазор нафар ҳарбиён - 9 ҳазор сарбозону афсарони сохторҳои қудратии Тоҷикистон, 1 ҳазору 700 нафар сарбозону афсарони Русия, 40 ҳазор нафар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарии артиши миллии ҷумҳурӣ дар машқгоҳҳои “Сумбула”, “Момирак” ва “Ҳарбмайдон” баргузор мешаванд.
Ба тамринҳо инчунин ҳудуди 70 адад техникаи зиреҳпӯш, 780 адад автомашинаҳо, 20 адад дастгоҳи артиллерия ва 20 адад воҳидҳои авиатсия сафарбар мешаванд.
Ба гуфтаи Маҳмадализода, марҳилаи хотимавии тамринҳоро ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Ҳавзаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия назорат мекунанд.
Дар ҷараёни тамринҳо сарбозону афсарони Тоҷикистону Русия масоили амалҳои муштаракро дар ҳолати пайдо шудани таҳдидҳо дар сарҳадҳои ҷанубии ИДМ мавриди амалу таҷрибаомӯзӣ қарор медиҳанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.