Пас аз сӯхтор ва сипас таркиши рӯзи 1 май дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар маҳаллаи “Испечак-2”-и пойтахт Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ санҷиш мегузаронад.
Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ қоидаҳои нигаҳдории маводи сӯхту молиданӣ санҷида мешавад.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни санҷиши НФС «Эҳсонҷон», воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муайян карда шуд, ки дар ин нуқта ба таъмин ва риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор диққати зарурӣ дода намешавад.
“Дар сипари оташнишонӣ ягон адад оташхомӯшкунак ва дигар олотҳои лозимии коршоям вуҷуд надоранду дар зери зарфҳои гази моеъ миқдори зиёди партовҳои сӯзанда нигоҳ дошта мешаванд”, - омадааст дар хабари ВКД.
Гуфта мешавад, интиқоли неруи барқи ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз ҷониби мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор қатъ гардонида шуда, нисбати роҳбари он парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ҳамин гуна қоидавайронкуниҳо дар 3 НФС дар ноҳияи Рӯдакӣ низ ошкор шуда, соҳибмулкони он ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шудаанд.
Зикр мегардад, ки санҷиши нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.
Тавре ба “Азия-Плюс” чанде аз ронандагони пойтахт хабар доданд, имрӯз дар маҳаллаи Зарафшон якчанд нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ кор намекарданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.