Рӯзҳои 11-14 май дар қаламрави кишвар боришоти пуршиддат ва баъзан жолаву раъду барқ дар назар аст.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.
Гуфта мешавад, дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи об пешгӯйӣ мешавад.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва мавзеи кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки хеле ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
Кумита ба шаҳрвандону меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки қоидаҳои асосии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз ҳузур доштан назди обанборҳову ба моҳидорӣ машғул шудан, чаронидани чорво, ба кӯҳҳо ба сайру саёҳат рафтан, шикору ҷамъоварии ҳезум ва растаниҳои кӯҳӣ даст кашанд. Ба нигоҳубини кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро бе назорат нагузоранд.
Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ҳамаи ҷӯйбору наҳр, қубурҳои обпарто ва селроҳаҳои назди хонаҳояшонро тоза кунанд.
Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар ағбаву роҳҳои мавзеи кӯҳистон меъёри суръат ва масофаро қатъиян риоя намоянд.
Имрӯз дар Душанбе бар асари боришоти пуршиддат роҳи зери пули назди мавзеи фурудгоҳ зери об монд.
Роиҳ мошингузар дар сонияҳои башумор зери об монд: обпартоҳо ба рафъи ин миқдор маҷрои об қодир набуданд.
Ронандагон ва мусофирон аз автомашинаҳо ба берун баромада, дар болои воситаҳои нақлиёт қарор гирифтанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.