Ҳудуди 3 ҳазор низомиёни амрикоӣ давоми 48 соати наздик ба Афғонистон фиристода мешаванд. Дар ин бора CNN бо истинод ба намояндаи расмии Департаменти давлатии ИМА Нед Прайс иттилоъ додааст, менависад хабаргузории Фергана.

Низомиён бояд кӯчонидани дипломатҳои амрикоӣ ва кормандони сафорати ИМА дар Кобулро таъмин кунанд.

Панҷшанбеи гузашта сафорати ИМА дар Кобул аллакай бори дуввум дар як ҳафтаи охир аз шаҳрвандони Амрико даъват кард, ки дар пасманзари пешравиҳои босуръати ҷангиёни ҳаракати “Толибон” (фаъолияташ мамнӯъ дар бисёре аз кишварҳо), таъҷилан қаламрави Афғонистонро тарк кунанд.

Дар навбати худ Британияи Кабир низ дар ростои наздикшавии ҷангиёни исломӣ ба Кобул ҷиҳати кумак ба кӯчидан то 600 нафар хизматчиёни ҳарбии худро ба Афғонистон мефиристад. Тавре The Washington Post иттилоъ медиҳад, нзомиёни бритониёӣ “рӯзҳои наздик” барои муҳлати кӯтоҳ ба Кобул меоянд.

Дар изҳороти Вазорати дифои кишвар, ки рӯзнома ба он истинод меоварад, гуфта мешавад, “дар сурати зарурат” нерӯҳо бехатариву муҳофизати моддиву техникии шаҳрвандони Бритониёи Кабирро зимни кӯчонидан таъмин мекунанд. Ин ҷо сари 4 ҳазор шаҳрвандони Бритониёи Кабир, ки то ҳол дар Афғонистон ҳастанд, сухан меравад.

Илова бар ин, низомиён инчунин ҷиҳати суръатбахшӣ ба корҳои ҷойивазкунии тарҷумонҳо ва дигар кормандони афғон, ки ҳамроҳи сарбозони бритониёӣ дар Афғонистон кор кардаанд, кумак хоҳанд кард.

"Таъмини амнияти шаҳрвандони Бритониё, низомиёни бритониёӣ ва кормандони собиқи афғон афзалияти аввалиндараҷаи мост", - гуфтааст вазири мудофиаи Британия Бен Уоллес.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.