Дар машқгоҳи Тирмизи Ӯзбекистон таҳти унвони “Иттиҳод-2022” тамринҳои низомии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз гардиданд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Лекин дар хабар доир ба муҳлатҳои анҷоми машқҳо, шумори хизматчиёни ҳарбӣ ва техникаи зиреҳпӯши дар он иштирокдошта, кадом амалиётро ба анҷом расонидан дар тамринҳо маълумот дода намешавад.

Қаблан низ дар бораи баргузории ин тамринҳо иттилоъ надода буданд, аз ин рӯ, маълум нест, ки оё ин машқҳо тибқи нақша гузаронида мешаванд ё не.

Дар ҳамин ҳол, дар хабари Вазорати мудофиаи кишвари ҳамсоя гуфта мешавад, машқҳо аз маросими тантанавии ифтитоҳ оғоз гардида, фармондеҳи Ҳавзаи махсуси ҳарбии Ҷанубу Ғарбӣ генерал-майор Зайнобиддин Иминов ва муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикитсон генерал-майор Шароф Эгамзод изҳори итминон карданд, ки баргузории машқҳои муштарак риштаҳои дӯстӣ байни кишварҳоро боз ҳам мустаҳкамтар мекунад.


Пас аз суханронии шодбошӣ гузашти низомии хизматчиёни ҳарбии ҳар ду кишвар доир гардид.

1/3

Сипас дар нуқтаҳои таълимӣ ва мавзеи монеаҳои машқгоҳи Тирмиз низомиёни Ӯзбекистон машғулиятҳо гузаронида,  тарзу усулҳои муҳорибаи наздик, ба мавзеи бехавф бурдани маҷрӯҳон ва рафъи ҳамлаи душмани эҳтимолиро намоиш доданд. Хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон низ имкон доштанд, ки дар ин намоишҳо иштирок кунанд.

1/3

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.