Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки хатари лағзиши тарма дар кишвар ҳоло ҳам боқӣ мемонад.
“Рӯзҳои 19 ва 20 январ дар навоҳии кӯҳӣ, ҳамчунин дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад”, - огоҳӣ дода мешавад дар хабаи Кумита.
Гуфта мешавад, ҳамчунин дар натиҷаи гармии рӯзона ва об шудани барфҳо сардии шаб боиси яхбандӣ дар роҳҳо мешавад.
“Аз ин рӯ, аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунем дар ин рӯзҳо аз равуо дар қитъаҳои хатарноку осебпазир ба қасди ҷамъоварии ҳезуму роҳандозии корҳои дигар худдорӣ намоянд”, - зикр мешавад дар хабар.
Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки агар сафар зарур шуд, бояд аввал мошини худро аз назар гузаронанд, чархҳои фарсударо бо нав иваз кунанд, ҳама лавозимоти барои ин рӯзҳо зарурро бо худ бигиранд.
Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар ин гуна рӯзҳои сарду тармахез басо эҳтиёткор бошанд!