Толибон* изҳор доштанд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Ба қавли намояндагони ин гурӯҳ, боздоштшудагон дар Русия ба сафи ДОИШ* пайваста, тавассути Туркия ва Эрон ба Афғонистон ворид шуданд ва мехостаанд, ки бо ин роҳ ба сафи ДОИШ дар Покистон пайванданд.
Навори эътирофи боздоштшудагонро пойгоҳи “Almirsad English” дар саҳифааш дар шабакаи Х (пештара Твиттер) нашр кардааст ва гуфта мешавад, ки онҳо ҳоло дар боздоштгоҳи гурӯҳи Толибон қарор доранд.
Боздоштшудагон дар навор худро Аминҷон Файзови 21-сола, зодаи шаҳри Кӯлоб ва Давлатов Сироҷиддин Шамсовичи 21-сола, зодаи ноҳияи Восеъ муаррифӣ мекунанд.
Аминҷон Файзов мегӯяд, ки дар вилояти Владимирскии Русия ба сафи гурӯҳи ДОИШ даъват шудааст ва даъватгарон гуфтаанд, ки “аввал бояд ба Туркия, баъдан ба Эрон ва баъдан ба Афғонистон ҳиҷрат намоем”.
“Мо ҳам ҳиҷрат намуда, ба Афғонистон омадем. Ба мо хабар расид, ки бояд шумо ба шаҳри Кветтаи Покистон ҳиҷрат намоед, то дар он ҷо дарси шаръӣ ва ҳарбиро омӯзед ва баъд аз дарси шаръӣ ва ҳарбӣ мо плонҳои худро ба шумо иҷро менамоем”, - мегӯяд Файзов.
Ӯ меафзояд, ки ҳангоми хоки Афғонистонро тарк намудан, дар марзи Нимрӯз аз ҷониби мақомоти Толибон боздошт шудааст.
Ҳамин тавр, Сироҷиддин Давлатов ҳам гуфтаҳои Аминҷон Файзовро такрор карда, танҳо ҷузъиёти роҳи пайвастан ба сафи ДОИШ-ро ошкор мекунад.
Ӯ мегӯяд, ки тариқи телеграм ба ДОИШ пайваст шудааст ва бо фармондеҳони ин гурӯҳ ба алоқа мебаромадааст.
Маълум нест, ки ин ду гумонбар кай боздошт шудаанд, вале ба навиштаи манбаъ, онҳо ҳоло дар боздоштгоҳи Толибон қарор доранд.
Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол дар ин бора вокуниш накардаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста