Хуҷанд. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | КВД «Заря Востока» барои таъмини шаҳри Табошар бо нон истеҳсоли нон ва маҳсулоти нониро ба роҳ монданист.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маъмурияти корхонаи мазкур хабар доданд, айни замон корҳои омодагӣ дар коргоҳ идома дошта, таъминкунандаи таҷҳизот барои истеҳсоли маҳсулот ҷустуҷӯ мешавад.
Маҳсулоти нонӣ дар оташдонҳои барқӣ ва танӯрҳо пухта мешаванд. Иқтидори истеҳсолии корхона имкон медиҳад, ки аҳолии маҳаллӣ пурра бо нон таъмин карда шаванд. Айни замон ба Табошар, ки 14 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, нон аз шаҳри Хуҷанд оварда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, феълан дар корхона истеҳсоли маснӯъоти резиниву техникӣ, мизҳои мактабӣ ва мебели тиббӣ аз ашёи гуногун идома дорад.
КВД «Заря Востока» моҳи январи соли 1968 ҳамчун филиали комбинати кимиёвии Алексинск таъсис дода шуд.
Бино ба маълумоти маъмурияти шаҳр, айни замон дар шаҳри Табошар ду корхонаи саноатӣ – КВД «Заря Востока» ва ҶСК «Табошармрамор» фаъолият доранд. Ин корхонаҳо 300 нафарро бо ҷойҳои корӣ таъмин мекунанд. Маблағи ҳаҷми умумии маҳсулоти ду корхонаи саноатӣ дар нимсолаи аввали соли равон 2,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 23% зиёдтар аст.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста