Душанбе. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Бо ташаббуси «Маркази тарғиботи зиддифасод» ва Ассостсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон» (АМВАОМТ) таҳти уновни «Муроҷиати шахвандон ҳамчун воситаи иштирок дар корҳои давлатӣ» мизи мудаввар доир гардид.
Ба гуфтаи раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев, нодида гиритани муроҷиати шаҳрвандон ва монеъаҳои бюрократӣ зимни баррасии онҳо мардумро ба муроҷиат ба ВАО маҷбур месозад.
«Аммо ВАО ба ивази мақомоти давлатӣ ҳуқуқ надоранд ва мушкилоти мавҷударо низ ҳал карда наметавонанд, - таъкид сохт ӯ. – Рӯзноманигорон ҳукуматдоронро танҳо аз мавҷудияти мушкилот огоҳ месозанд, вале намояндагони ҳукумат на ҳамеша ба он таваҷҷӯҳ зоҳир месозанд ва аз ин рӯ, он шояд ба зуҳури коррупсия мусоидат намояд».
Як зумра аз иштирокчиёни мизи гирд изҳор карданд, ки дар Тоҷикистон тамоили коҳиши эътимоди мардум ба ҳукумат ба мушоҳида мерасад ва сабаби онро онҳо дар ношаффоф ва бесамар будани фаъолияти низоми ҳукуматдорӣ шарҳ медиҳанд.
Директори «Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон» Сергей Романов гуфт, қонун дар бораи муроҷиати шаҳрвандон ба таҳрир ниёз дорад, зеро он соли 1996 қабул гардида, ба асноди қонунгузории тайи солҳои ахир ба тасвибрасидаи кишвар мутобиқат надорад.
Ба ақидаи иштирокчиёни чорабинӣ, чун муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба инобат гирифта намешавад, онҳо аз ҳифзи саривақтии ҳуқуқии давлатӣ маҳрум мешаванд. Дар ҳамин ҳол, ҳукумат ба мавҷуд набудани механизми «робитаи мутақобила» дучор мегардад, ки ба роҳандозии сиёсати қобиди қабул монеъа эҷод месозад.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста