Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов оғоз мегардад. Тавре бахши русии хабаргузории Би-Би-Сӣ иттилоъ медиҳад, чанде қабл хабарнигори бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ, ки аз ҷониби ҳукуматдорони Тоҷикистон санаи 13-уми июни соли ҷорӣ боздошт шудаву минбаъд бо шарти тарк накардани қаламрави кишвар озод гардида буд, дар бораи ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳозир шудан огоҳинома гирифтааст.

Ӯрунбой Усмоновро то ҳанӯз дар робита доштан бо ҳизби фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълоншудаи «Ҳизб-ут-таҳрир» гумонбар медонанд.

Би-би-сӣ айбҳои ба Усмонов нисбатдодаро бепоя хонда, бар ин назар аст, ки ин иддаъоҳо ба журналистикаи касбӣ ва озодии баён дар ҷумҳурӣ таҳдиди ҷиддӣ ба бор меоваранд.

Мақомоти раҳбарии Би-Би-Сӣ ҳамчунин борҳо таъкид кардааст, ки вохӯрӣ ва мусоҳибаҳои анҷомдодаи Усмонов бо намояндагони созмонҳои гуногун бахше аз фаъолияти ҳар яке аз рӯзноманигори Би-би-Сӣ аст.

Ӯрунбой Усмонов 13-уми июни соли ҷорӣ ба ҳабс гирифта шуда, расо як моҳ дар зиндон қарор дошт.

Рӯзноманигор 59-сола буда, тайи 10 соли ахир дар бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ фаъолият дорад. Ӯ мавзӯъҳои гуногуни иҷтимоиву фарҳангӣ ва масоили диниро мавриди омӯзиш қарор дода, оид ба он гузоришҳо омода мекард.

Ба гуфтаи худи Усмонов, ӯ зимни таҳияи мавод дар бораи ин созмон воқеъан ҳам бо намояндагони «Ҳизб-ут-Таҳрир» мулоқот кардааст.

Роҳбари бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ Ҳамид Исмайлов гуфтааст, инъикоси фаъолияти созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» яке аз мавзӯъҳое аст, ки Ӯрунбой Усмонов бо тақозои вазифаи хидматиаш бояд ба иҷро мерасонид. Ба қавли номбурда, дар робита ба ин, ӯ мебоист бо аъзои ин созмон мулоқот кунад ва мурофиаи додгоҳии онҳоро инъикос намояд.

Чанде аз созмонҳои байнулмилалии маъруф ҳабси Ӯрунбой Усмоновро маҳкум намуда, ин амали ҳукуматдорони Тоҷикистонро кӯшиши ҷорӣ кардани маҳдудият ба инъикоси масоили ҳассоси сиёсиву динӣ унвон карданд.

Дар таърихи 13-уми июли соли равон зимни нишасти хабарӣ директори Маркази тадқиқотии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов аз ҳабси хабарнигори Би-Би-Сӣ шадидан изҳори нигаронӣ кард.

С. Шарифов он замон изҳор карда буд, ки ҳабси хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ метавонад ба мавқеъи Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилалӣ зарари ҷиддӣ расонад.

«Ин масъала аз чаҳорчӯби ҳуқуқшиносӣ берун рафта, ба худ ангезаи сиёсӣ касб кард ва акнун ҷараёни тафтишотро худи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зери назорат дорад», - гуфта буд вай.

Ба қавли С.Шарифов, чанде қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо сафар карда, бо сарварон ва роҳбарони сохторҳои як қатор кишварҳои аврупоӣ ҷиҳати боло бурдани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилалӣ гуфтушунидҳои муҳим анҷом дод ва пас аз бозгашти ӯ ин ҳодиса ба вуқӯъ пайваста, аз он сохторҳои аврупоии бо президент мулоқоткарда изҳори норозигӣ карданд. «Чунин амалҳои кормандони мақомоти амният ба нуфузи кишвар дар доираҳои байнулмилалӣ таъсири манфӣ мерасонанд ва қабл аз даст задан ба амале, кормандони мақомотро мебояд аз оқибатҳо ва вокуниши ҷомеаи байнулмилалӣ ба он андеша кунанд», - гуфта буд вай.

Ғайр аз ин, С.Шарифов зикр карда буд, ки вазорати корҳои хориҷӣ дар ин ҳолатҳо бояд фавран ба амал пардозад. «Ҳангоме сафирон ба ҳукумат изҳорот ирсол мекунанд, ба он набояд КДАМ, балки вазорати корҳои хориҷӣ посух диҳад, вале ба изҳороти сафирони САҲА, ИМА, Британияи Кабир ва кишварҳои дигар аз ҷониби ин вазорат ҳеҷ посухе гуфта нашуд. Дар ин ҳолат фавран гирдиҳам овардани сафирон ва шарҳи моҳияти масъала зарур буд. Агар саривақт ба сафирон моҳияти масъала фаҳмонида мешуд, кор то ба ин дараҷа намерасид», - таъкид сохта буд номбурда.