Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба масоили васоити ахбори умум Дуня Миятович конфронси XIII-уми ВАО-и минтақаи Осиёи Марказӣ ба кор шурӯъ мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар кори конфронс зиёда аз 100 нафар журналистон, кормандони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, намояндагони парлумон, шахсони расмӣ, кормандони илмии минтақаи Осиёи Марказӣ ва коршиносони байнулмилалӣ ширкат хоҳанд варзид.

Дар конфронс масоили марбут ба гуногунандешӣ дар ВАО ва идораи шабакаи Интернет, нақши Интернет дар пешбурди гуногунандешӣ дар минтақа, дастрасӣ ба шабака, ҳамоҳангсозии контент, масоили иҷозатномадиҳӣ ва масъулияти ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамчунин натиҷаҳои ҳисоботи намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба масоили васоити ахбори умум Дуня Миятович дар бораи озодии баён дар шабакаи Интернет дар минтақаи САҲА ва вазъи кунунии озодии ВАО дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ баррасӣ мешаванд.

Дар ҷараёни конфронс ҳамчунин оид ба масъалаи гузаштан ба пахши рақамӣ ва таъсири он ба озодии ВАО як чорабинӣ доир мегардад, ки онро директори Дафтари намояндагии САҲА Андрей Рихтер доир менамояд.

Иштирокчиёни конфронс тавсияҳо таҳия ва қабул мекунанд, ки як қисмати Изҳороти ниҳоии Конфронс хоҳанд буд. Ин ҳуҷҷат ба сохторҳои ҳукуматии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ирсол мегардад, то ки он минбаъд ҳамчун санад барои маълумот ва роҳбарӣ истифода шавад.