Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Суғд пас аз баррасии шикояти кассатсионӣ журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоиловро аз пардохти ҷарима дар ҳаҷми 35 ҳазор сомонӣ озод кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати журналист Муҳаббат Ҷӯраева хабар дод.

Ба гуфтаи адвокат, суди вилоятӣ ҳамчунин қарори зинаи поёнии судиро дар хусуси манъи ба Исмоилов дар муддати се сол машғул шудан ба фаъолияти рӯзноманигориро низ бекор сохт. Қарори мазкур бар асоси нисбат ба Исмоилов мавриди истифода қарор гирифтани қонуни афв қабул шудааст. Ҳукми суди шаҳри Табошар бошад, бетағйир боқӣ гузошта шуд.

Ёдрас мекунем, ки 14-уми октябри соли равон суди шаҳри Табошар журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоиловро мутобиқи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 135 (Тӯҳмат), 136 (Таҳқир) ва 189, қисми 2 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ ҷариманбандӣ карда буд.