Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода нисбат ба гуфтаҳои раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, ки ӯро ба гузаштан ба мазҳаби шиа гунаҳкор карда буд, аз болои ӯ ба додгоҳ шикоят бурданист.

Тӯраҷонзода исрор мекунад, ки изҳороти аз номи Шӯрои уламо интишоргардида бо аъзои он мувофиқа нагардида, онҳо онро дастгирӣ накардаанд.

Имрӯз ба намози ҷумъа ба масҷиди ҷомеи Муҳаммадияи ҷамоати Туркободи ноҳияи Ваҳдат ҷиҳати шиносоии ибоаткунандагон бо изҳороти Шӯрои уламо, ки дар он оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба баргузории маросими мазҳаби шиа «Ошӯро» гунаҳкор дониста мешавад, раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода ва раиси Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов омаданд.

Аммо издиҳом бо фарёдҳои ғазабнок ба раиси Шӯрои уламо имкони суханронӣ надод. Пас аз ин раиси Шӯрои уламо масҷидро тарк гуфт.

Дар ҳамин ҷо раиси шаҳри Ваҳдат Анвар Вайсиддин гуфт, рӯзҳои наздик шояд мулоқоти президенти Тоҷикистон бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода баргузор шавад.

Зимни суханронӣ дар намози ҷумъа миёни якчанд ҳазор намозгузорон Тӯраҷонзода раиси Шӯрои уламоро ба барангехтани нифоқ миёни мусулмонон гунаҳкор кард. Ӯ изҳороти Абдуқодирзодаро иғвогарӣ хонда, ӯро ба ҷонибдорӣ ба салафия айбдор кард.

Дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон Тӯраҷонзода гуфт, имрӯз унвонии ӯ даҳҳо хабар расидааст, ки дар онҳо гуфта мешавад, имом-хатибон супориш гирифтаанд, ки дар намози ҷумъа ибодаткунандагонро бо изҳороти Шӯрои уламо шинос намоянд. Ӯ қайд кард, ки маросими мазҳаби шиаи «Ошӯро» бо занҷирзаниии худ, ки оилаи ӯро ба он айбдор кардаанд, ҳеҷ гоҳ дар масҷиди Муҳаммадия баргузор нашудааст.

«Дар ҷараёни намоз мо танхо аз номи набераи пайғамбар Муҳаммад (с) Имом Ҳусейн ёдовар шудем ва ин танҳо шарҳу тавзеҳи далели марги ӯ буд. Ёдоварӣ кардан аз Имом Ҳусейн мухолифи мазҳаби ҳанафӣ нест. Ба ин монанд ёдовариҳо муддати аллакай 50 сол аст, ки дар оилаи Тӯраҷонзода сурат мегирад», - изҳор кард Тӯраҷонзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар замони шӯравӣ ҳангоми иҷрои вазифаи Қозии Тоҷикистон дар масҷиди ҷомеи асосии шаҳри Душанбе низ чуни маросими ёдоварӣ доир мегардид. Дар масҷиди Муҳаммадия аз ин маросим тӯли 12 сол аст, ки ёдоварӣ мекунанд.

Дар изҳорот ба ибодаткунандагон Эшон Нуриддинҷон Тӯраҷонзода ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҷонибдори сулҳу суботи ҷумҳурӣ будан ва дастгириашон ба президентро таъкид сохта, аз ибодаткунандагон даъват ба амал оварданд, ки сабру таҳаммулро аз даст надода, фирефтаи иғвогариҳо нашаванд.