Прокуратураи шаҳри Ваҳдат истеҳсолоти бозшуда дар бораи қонуншикании маъмурӣ барои майдаавбошӣ нисбат ба бародарон Тӯраҷонзодаҳоро ба суд дод.

Ба гуфтаи прокурори шаҳри Ваҳдат Қурбоналӣ Муҳаббатов, Ҳоҷӣ Акбар ва Нуриддин Тӯраҷонзода рӯзи 9-уми декабр дар масҷиди «Муҳаммадия» дар ҳузури ибодаткунандагони зиёде нисбат ба раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода ва дигар шахсони расмӣ носазогӯиро раво дидаанд.

«Ин гуна амал дар қонунгузорӣ ҳамчун майдаавбошии дар ҷойи ҷамъияти содиршуда арзёбӣ мешавад, - таъкид кард прокурори шаҳри Ваҳдат. – Дар ҳама гуна ҳолат суд қарори худро содир хоҳад намуд».