Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова медали ифтихорӣ ва ҷашнии «10 солагии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай»-ро расонид. Мукофоти мазкур барои хизматҳои шоиста ва саҳми беназир дар ташкилу фаъолият дар созмони мазкур аз тарафи Котиботи генералии СҲШ, ки дар ҳоли ҳозир Ҷумҳурии Қазоқистон онро ба зима дорад, мукофотонида шудааст.
Тавре аз хадамоти матбуоти ва рекламаи БДА «Амонатбонк» хабар доданд, БДА ҶТ «Амонатбонк» намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Иттиҳодия байнибонкии СҲШ чанд сол ин ҷониб ба ӯҳда дорад. Тӯли солҳои намояндагии Амонатбонк ҳамкориҳо дар доираи созмони мазкур рушд ва вусъати тоза гирифта, як идда корҳои назаррас бо мамолики аъзои ин созмон рӯи кор омаданд. Аз ҷумла ҳамкориҳо бо яке ташкилотҳои молиявии Ҷумҳурии Мардумии Чин – Бонки давлатии рушди Чин дар чанд соли охир хеле хуб ва самарабахш мебошад.
Маҳз тавассути ҳамкориҳо дар доираи СҲШ имрӯз як зумра пружаҳои инвеститсионӣ, сармоягузориҳо ба соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ дар ҷумҳурӣ пиёда мешаванд. Қисмати муҳим ва назарраси ин лоиҳаҳо тавассути Амонатбонк дар кишвар, сурат мегирад.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста