Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев бо роҳбари намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон хонум Северин Шаппаз мулоқот анҷом дод.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои вазорату идораҳои дахлдори мамлакат бо ин созмони бонуфуз ва мададрасони байналмилалӣ ва мусоидати парлумони кишвар барои фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари равобити байни кумитаи мазкур бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сараввал хонум Шаппазро ба муносибати роҳбари намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданаш табрику таҳният намуда, изҳори умедворӣ кард, ки бо интихоб гардидани Шумо ба ҳайси роҳбар муносиботи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх беш аз пеш таҳким ёфта, барнома ва тарҳҳои нави ҳамкориҳо ҳарчи бештар таҳия ва мавриди амал қарор мегиранд.

Амиршо Миралиев аз фаъолиятҳои густурдаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қанотмандӣ намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки ифтитоҳ шудани дафтари намояндагии кумитаи мазкур дар соли 2010 дар чанд минтақаи Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки равобити миёни давлати мо ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба марҳилаи нави ҳамкорӣ ворид шуда, рӯз аз рӯз дар ҳоли густариш ёфтан қарор дорад. Дар соли гузашта як ҳайати Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо мақомоти мамлакати мо силсилаи мулоқоту вохӯриҳо анҷом дод ва дар доираи ин сафар равобити Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалӣ боз раванди рӯ ба густаришро касб кард.

«Мо медонем, ки ҳоло дар панҷ ноҳияи водии Рашти Тоҷикистон дафтарҳои намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх фаъолият мекунанд, ки расонидани кӯмакҳои тиббӣ аз барномаҳои аввалиндараҷаи ин кумита ба шумор мераванд», - гуфт Амиршо Миралиев ва илова намуд, ки роҳбарияти парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар ҷараён аст, ки ин ниҳоди имдодрасони байналмилалӣ дар соли 2010 танҳо дар води Рашт ба 22 хонавода кӯмакҳои гуногуни моддию маънавӣ расонидааст.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар идомаи сӯҳбатҳои худ афзуд, ки Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мавқеи худро қариб дар тамоми минтақаҳои кишвари мо бо мақсади омӯзиши ҳолат ва вазъи зиндагии аҳолии ин минтақаҳо ва тартиби расонидани кӯмак ба сокинони минтақаҳои мазкур устувор намуда, ҳамчунин дар соли 2011 ба се намояндагии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон таҷҳизоти гуногуни тиббӣ кӯмак кардааст. Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки намояндагон ва мутахассисони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба 50 нафар ҷарроҳони тоҷик усулҳои ҷадиди ҷарроҳӣ кардан ҳангоми рух додани ҳолатҳои гуногуни фавқулоддаро омӯзиш додаанд, метавонад дониши табибон ва пизишкони тоҷикро барои ҳамаҷониба омода будан дар қиболи чунин ҳаводис бештар намояд.

Амиршо Миралиев таъкид кард, ки баргузор намудани семинарҳои омӯзишӣ дар минтақаҳои кӯҳистонии кишвари мо, ки аз тарафи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар заминаи бартараф кардани хатари минаҳо ва оқибатҳои ногувори онҳо ҷараён гирифтаанд, дар заминаи баланд гардидани сатҳи огоҳии сокинони ин минтақаҳо роҷеъ ба мина ва хатари онҳо кӯмаки аввалиндараҷа хоҳад расонд.

Мавсуф дар идомаи сӯҳбатҳои худ бори дигар бар зарурати таҳкими муносибот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх таъкид кард ва афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон омодаи тақвияти ҳарчи бештари ҳамкорӣ бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ин муносибот тамоми имконот вуҷуд дорад ва заминаи ҳуқуқӣ ва қонунии чунин ҳамкориҳо бошад, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвари мо фароҳам оварда шудааст.

«Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ барнома ва тарҳҳои Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо фазои ҳуқуқиро фароҳам хоҳад овард», - гуфт дар анҷоми мулоқот Амиршо Миралиев.

Роҳбари намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон хонум Северин Шаппаз низ аз сатҳи ҳамкории кумитаи мазкур бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ намуда, хотирнишон сохт, ки ҳанӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх тамоми имконоти мавҷуди равобит мавриди истифода қарор нагирифтаанд ва мо умедвор ҳастем, ки ин мулоқот саҳифаҳои ҳанӯз боз нашуда дар китоби таърихи равобити моро боз хоҳад кард.

Мавсуф таъкид кард, ки қабл аз интихоб шуданам ба ин вазифа дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Женева ва Африка фаъолият намуда будам ва то ин дам дар бораи табиати зебои кишвари Тоҷикистон ва мардуми меҳмондӯсту дорои фарҳанги волои ин кишвар ошноӣ пайдо карда будам ва ҳангоме ки ба ман пешниҳоди кор дар кишвари биҳиштосои шуморо карданд, хеле хушҳол шудам, зеро аз солҳо қабл орзуи кору фаъолият кардан дар чунин мамлакати офтобрӯяе мисли Тоҷикистонро доштам.

Хонум Северин Шаппаз таъкид намуд, ки кумитаи мазкур мақсад дорад дар соли 2012 дар асоси чанд барномаҳо, аз ҷумла расонидани кӯмак ба маҳбусон ва наздикону пайвандони онҳо, беному нишоншудагон, гузаронидани семинар ва мизҳои гирд бо намояндагони Васоити Ахбори Омма, сохторҳои қудратӣ дар заминаи расонидани кӯмакҳои башардӯстона фаъолияти худро мутамарказ намояд.

Мавсуф иброз дошт, ки дар соли 2012 фаъолиятҳои худро дар дафтарҳои намояндагии кумита дар минтақаҳои Кӯлоб, Ишкошим, Рашт ва вилояти Суғд тақвият мебахшем. Хонум Северин Шаппаз таъкид кард, ки ба ҳайси роҳбари Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон аз тамоми имконот ва дониши худ барои тақвияти ҳарчи бештари робитаҳои кумита бо Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода хоҳад кард.

Ҳарду ҷониб аз натиҷаҳои мулоқот ибрози қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки баргузории чунин вохӯриву мулоқотҳо омили асосии густариш пайдо кардани ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумиати байналмилалии Салиби Сурх ба шумор меравад.

Дар мулоқот ҳамчунин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ва раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов иштирок намуданд.