Дар шаҳри Душанбе Пайнавишти гуфтушунид оид ба оғози амаликунии «Лоиҳа оиди рушди деҳот дар минтақаи наздимарзии Бадахшон»-ро раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаноби Қодири Қосим ва Намояндаи доимии Оҷонсии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ (JICA) ҷаноби Иида Ҷиро ба имзо расониданд. 

Дар иттилоияи оҷонсӣ гуфта мешавад, тибқи нақша «Лоиҳа оиди Рушди деҳот дар минтақаи наздимарзии Бадахшон» аз моҳи феврали соли 2012 оғоз мегардад ва муддати иҷроиши он се сол аст. Лоиҳаи мазкур дар ноҳияҳои бо Афғонистон ҳамсарҳади Бадахшон – Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Ишкошим ва Шуғнон амалӣ мегардад. Лоиҳа аз ҷониби Фонди тоҷикистонии Оғохон бо маблағи тақрибан 2.8 миллион доллари ИМА, ки аз тарафи Оҷонсии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ ҷудо мегардад, иҷро мешавад.      

Ҳадафи аслии лоиҳаи мазкур афзоиш додани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳо ва имконоти маишӣ аз тариқи сохтани зерсохторҳои барои ҷамоатҳо дорои авлавият, таҳким бахшидани ниҳодҳои мaҳаллии ҳукуматӣ ва ривоҷ додани ҳамкорӣ байни ниҳодҳои ҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон аст. Як лоиҳаи дигари ҳаммонанд дар ҳоли ҳозир дар вилояти Бадахшони Афғонистон бо буҷаи 4.2 миллион доллари ИМА, ки аз ҷониби Оҷонсии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ ҷудо гардидааст, мавриди иҷроиш қарор дорад.

Оҷонсии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ (JICA) аз соли 1991 расондани кумаки техникиро ба Тоҷикистон шурӯъ намуд ва Намояндагии доимии он дар Душанбе соли 2006 кушода шуд. Маблағи умумии грантҳои аз тарафи Ҷопон ҷудогардида 140 миллион доллари ИМА ва маблағи кумаки техникии Оҷонсии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ (JICA) 41 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Оҷонсӣ дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зеринро амалӣ менамояд: Лоиҳа оид ба саломатии модару кӯдак, Лоиҳа оид ба таъмини об, Лоиҳа оид ба беҳбуд бахшидани тавсиаи хадамоти кишоварзӣ аз тариқи таҳкими ташкилотҳои кишоварзӣ, Лоиҳа оид ба беҳтаркунӣ ва таъмиру нигаҳдории роҳ ва Барномаҳои омӯзишӣ барои баланд кардани дараҷаи тахассусӣ. Дар чорчӯбаи Барномаҳои омӯзишӣ барои баланд кардани дараҷаи тахассусӣ Оҷонсӣ ҳарсола барои 5 нафар кормандони давлатӣ барои таҳсил дар барномаҳои магистратура дар Ҷопон имконият фароҳам меоварад ва ҳамчунин қариб 100 нафар кормандони давлатиро барои иштирок дар курсҳои омӯзишӣ ба Ҷопон мефиристад.